Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп:"Аз Путин сафсатаи бисёре шунидем"

навшуда

Доналд Трамп гуфт, дар андешаи эъмоли таҳримҳои нав ба зидди Русия аст.
Доналд Трамп гуфт, дар андешаи эъмоли таҳримҳои нав ба зидди Русия аст.

Доналд Трамп, президенти Амрико дар ин охирҳо дигар нороҳатиашро аз раҳбари Русия Владимир Путин пинҳон намедорад, чун ҷанг дар Украина бо шиддати бештар идома мекунад. Трамп гуфт, ки дар андешаи ҷорӣ кардани таҳримҳои нави зидди Маскав мебошад.

Панҷ рӯз баъди суҳбат бо Путин, рӯзи 8 июл ҳангоми гуфтугӯ бо хабарнигорон дар Кохи Сафед Трамп ишора кард, ки расидан ба ҳадафаш барои ҷанг дар Украина, торафт мушкилтар мешавад. Трамп гуфт, “аз Путин сафсатаи бисёре шунидем. Ӯ аксар вақт бисёр хушмуомила аст, вале фоидае надорад”.

Доналд Трамп афзуд: “Мо аз Путин, ман аз ӯ хушнуд нестам. Ман ҳоло ба шумо чизи бештаре гуфта метавонам, чунки ӯ мардуми зиёдро мекушад ва шумори зиёди онҳо сарбозони худаш ҳастанд, аксарашон сарбозони ӯ мебошанд. Ва ҳоло ҳафтае то 7 ҳазор нафар мерасад.”

Ин суханон як рӯз баъди он садо доданд, ки Трамп барои ирсоли силоҳҳои дигар ба Украина розӣ шуд. Аз ин пеш қонунгузорон дар Конгресс, аз ҷумла аъзои Ҳизби ҷумҳурихоҳ боздоштани қисме аз кӯмакҳои низомӣ ба Украинаро танқид карда буданд.

Доналд Трамп гуфт: “Мо мехоҳем силоҳҳои дифоиро бифиристем, чун Путин бо инсонҳо муносибати дуруст надорад. Ӯ бисёриҳоро мекушад. Аз ин рӯ, мо бархе силоҳҳои дифоиро ба Украина равон мекунем ва ман қарорашро имзо кардам”.

Трамп бо ишора ба саркашии Путин аз сулҳ ба Украина силоҳи дифоӣ мефиристад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00

Ҳуҷуми Русия ба Украина дар таърихи 24 феврали соли 2022 оғози азимтарин ва пурқурбонитарин ҷанг дар хоки Аврупо аз замони Ҷанги Дуюми Ҷаҳон дониста мешавад. Маркази Мутолеоти Стратегӣ ва Байналмилалӣ дар Вашингтон дар гузорише ҳафтаи гузашта навишт, ки талафоти ҷонӣ дар ин ҷанг аз ҷониби Русия тобистони имсол ба 1 миллион нафар ва аз ҷониби Украина ба 400 ҳазор нафар баробар хоҳад шуд.

Расидан ба ҳадаф мушкилтар мешавад?

Трамп, ки моҳи январи имсол бори дуюм ба курсии раиси ҷумҳури Амрико нишаст, хатми ҷанг дар Украинаро ҳадафи муҳими сиёсати хориҷии худ номид. Аз он замон то кунун шаш дафъа бо Путин телефонӣ ҳамсӯҳбат шудааст ва се бор намояндаи вижаашро ба мулоқоти ӯ ба Кремл фиристод.

Путин ба дархости Трамп дар бораи ҷорӣ кардани оташбаси сирӯза бо афзоиши бомбборони Украина посух дод. Дар ин ҳамлаҳо садҳо ғайринизомӣ, аз ҷумла кӯдакон кушта шуданд. Ин ҳамлаҳо хашми амрикоиҳо ва аврупоиҳоро барангехт ва аз Трамп тақозо карданд, ки нисбат ба Русия сахтгирона амал карда, Путинро водор намояд, сари мизи гуфтушунид нишинад.

Ба иттилои Юрий Ушаков, ёвари Путин ӯ рӯзи 3 июл дархости Трамп барои оташбасро рад карда гуфтааст, ки “Русия ҳадафҳояшро дар Украина ба иҷро мерасонад” ва “аз онҳо даст намекашад”. Чанде баъд аз он Трамп гуфт, ки аз ин гуфтугӯ “дилсард” шудааст. Суҳбати телефонии аз ин пешро бо Путин “хуб” хонда буд.

Вокунишҳои интиқодии Трамп аз Путин аз он ҷиҳат қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар гузашта ӯ аз сӯҳбат бо раҳбари Русия ҳамеша ситоиш мекард. Трамп Путинро “зирак” номида, соли гузашта гуфта буд, ки бо Путин “робитаҳои бисёр хубе” барпо кардааст. Трамп ишора карда буд, ки ба шарофати ин робитаҳо метавонад корро то ба хатми ҷанг бирасонад.

Бо вуҷуди ин, ду моҳ баъди шурӯи талошҳо барои хатми ҷанг ҳам ҳамлаҳои Русия ба шаҳрҳои Украина ва марги ғайринизомиён, Трамп дигар ошкор пойбандии Путинро ба сулҳу оташбас зери суол мебарад. Дар поёни моҳи апрел Трамп гуфт, ки Путин эҳтимолан бо ӯ “бозӣ дорад”.

Сукути Кремл вокуниши Медведев

Коршиносони украинӣ ва ғарбӣ аз муддатҳо пеш мегуфтанд, ки Путин ба сулҳ манфиатдор нест ва танҳо ба хотири тақвияти робитаҳои дӯстона бо Трамп бо ӯ телефонӣ ҳамсӯҳбат мешавад. Онҳо мегӯянд, ки Путин мехоҳад, тамоми Украинаро ишғол кунад, чун иддао мекунад, ки ин қаламравҳо таърихан аз они русҳо мебошанд. Ҳоло артиши Русия тахминан 20 дарсади қаламрави Украинаро таҳти назорат қарор дорад. Кремл ҳанӯз ба изҳори назарҳои Трамп вокунише накардааст.

Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури собиқи Русия дар Телеграм навиштааст: “Амрикоӣ боз ҳам савори арғунчаки сиёсиаш шудааст. Мо ба ин бояд чӣ гуна вокуниш кунем? Мисли пешин. Ҳамон гуна, ки ҷанговарони мо мекунанд. Онгуна, ки сарфармондеҳи мо мекунад, ҳеч гуна. Бояд аз пайи расидан ба ҳадафҳои амалиёти вижаи ҳарбии худ бошем. Заминҳои худро баргардонем ва барои дастёбӣ ба ғалаба кор кунем.»

Қонунгузорони амрикоӣ аз Трамп тақозо доранд, ки ба Украина силоҳи бештар фиристанд ва ба зидди Русия таҳримҳои наве ҷорӣ кунанд, чун, ба қавли онҳо, танҳо тадбирҳои сангин метавонад Кремлро барои хатми ҷанг водор кунад.

Сенатори ҷумҳурихоҳ Линдси Граҳам тарҳи қонунеро муаррифӣ кард, ки ба президент қудрати ҷорӣ кардани таҳримҳои иловагӣ болои Русия ва боҷҳои иловагӣ ба кишварҳоеро медиҳад, ки дар ин ҷанг ба Маскав ёрӣ мекунанд. Тарҳи ин қонун беш аз 80 муаллиф дорад ва ин ба он маъност, ки аъзои зиёди Сенат аз Украина пуштибонӣ мекунанд. Айни чунин тарҳи қонун дар Маҷлиси намояндагон ҳам муаррифӣ шудааст.

То ин охирҳо Трамп аз ҷорӣ кардани таҳримҳои нав ба зидди Русия худдорӣ карда гуфтааст, ки ин чораҳо гуфтушуниди сулҳро ба ҳам мезананд. Ҳоло, ки музокироти сулҳ ҳеҷ натиҷае намедиҳад, Трамп гуфтааст, ки ин имкониятро мадди назар дорад. Ӯ гуфт, “мо таҳримҳои Линдси Граҳам зидди Русияро интизорем”.

XS
SM
MD
LG