Исроил ба ҳусиҳои Яман зарба зад

Артиши Исроил эълом кард, ки 6-уми июл ба чанд макони вобаста ба ҳусиҳо, азҷумла се бандар ва як неругоҳи барқӣ дар Яман зарба задааст. Гуфта мешавад, ин аввалин ҳамлаи Исроил ба Яман дар як моҳи ахир аст.

Ба гузориши артиши Исроил, ҳамла ба маконҳои зери назари ҳусиҳо, дар посух ба ҳамлаҳои батакрори ин гуруҳ ба Исроил анҷом шудааст.

Бандари Ҳудайда яке аз маконҳое будааст, ки Исроил ба он ҳамла кардааст. Ҳудайда пас аз Бандари Адан, дувумин бандари калони Яман дар Баҳри Сурх аст ва ҳудуди 80 дарсади маводи хӯроквории ин кишвар аз ин тариқ ворид мешавад.

Телевизиони “Ал-масира”-и зери назорати ҳусиҳо, ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба чанд минтақаи Яманро тасдиқ кард, аммо дар бораи хисорот ё талафоти эҳтимолӣ ҷузъиёт надод.

Хабаргузории "Ройтерс" ба нақл аз сокинони шаҳри Ҳудайда гузориш дод, ки дар пайи ҳамлаҳои Исроил, неругоҳи аслии шаҳр аз кор мондааст.

Артиши Исроил дар баёнияи худ ҳамчунин эълом кард, ки шоми якшанбе киштиеро ҳадаф қарор дод, ки ҳусиҳо моҳи ноябри 2023 рабуда буданд.

Исроил Катс, вазири дифои Исроил бори дигар таҳдид кардааст, ки "сарнавишти Яман монанди сарнавишти Теҳрон хоҳад буд."

Катс шоми 6-уми июл бо эъломи амалиёти "Парчами сиёҳ" дар шабакаи X (Твиттер) навишт, "ҳар касе ки кӯшиш мекунад ба Исроил зарар расонад, осеб хоҳад дид."

Соате пас аз ин ҳамла, артиши Исроил эълом кард, ки ду мушаки шилликшуда аз Яманро шиносоӣ кардаст ва дар ҳоли сарнагун кардани онҳост.

Ҳусиҳо, гуруҳи зери ҳимояи Эрон аз моҳи ноябри 2023 ва пас аз оғози ҷанги Ғазза, бо даъвои ҳимоят аз фаластиниҳо, ба киштиҳои тиҷоратӣ дар Баҳри Сурх ҳамла мекунад. Ҳусиҳо мегӯянд, ҳадафашон киштиҳои исроилӣ аст.

Ҳусиҳо давоми ду соли ахир ба сӯи Исроил даҳҳо мушак ва паҳпод партоб карданд, ки ба гуфтаи мақомоти Исроил аксарашон раҳгирӣ шуданд ё ба маконҳои бехатар афтиданд. Моҳи майи имсол, мушаке, ки аз Яман партоб шуда буд, ба наздикии Фурудгоҳи байналмилалии Бен-Гурион дар атрофи Телавив афтида, чанд нафарро захмӣ кард.

Дар посух ба ин ҳамла, артиши Исроил ба Бандари Ҳудайда дар Яман ҳамла карда буд.