Муфаттишон дар ноҳияи Қубодиён бемории равонӣ доштани Юлдуз Бозороваро рад мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, барои анҷоми таҳқиқи пурраи қазия ва муайян кардани сабабҳои ин ҳодиса ду моҳ вақт лозим аст.
Умедҷон Ҳомидов, шавҳари Юлдуз Бозорова, гуфт, ҳамсараш мушкили равонӣ дошт ва табобат мегирифт: “Ҳамсарам ҷин дошт, бемор буд. Табобат мекардем, дуохонӣ мекардам. Як соли пеш аз хона баромада рафта буд, ба хонаи аммаам, ба кӯчаи дигар. Гоҳе кӯдакҳоро мезад, фикр мекардам, ҳамаи модарҳо кӯдакҳоро мезананд. Намедонам, чаро ӯ кӯдакҳоро бо корд захмӣ кард. Аз рӯзи ҳодиса намедонам, чӣ ҳол дорад, ӯро дигар надидаам.”
Дар деҳоти Тоҷикистон, ки муроҷиат ба равоншинос роиҷ нест, барои рафъи ихтилол ва мушкилоти хуруҷкардаи равонӣ ба назди муллоҳову рӯҳониён мераванд, то бо “дуохонӣ бемориро рафъ кунанд.”
Мусулмонқул Бозоров, падари Юлдуз, низ бемории рӯҳии духтарашро тасдиқ карда гуфт, ки ӯро назди равоншиносон мебурданд: “Духтарам бемории рӯҳӣ дошт, мо ба назди духтур бурда будем, метавонанд духтурҳо гап зананд. Ҳайронам, ки чӣ мешавад?”
Ба иттилои мақомоти интизомӣ, нисбат ба Юлдуз Бозорова бар асоси моддаи 104, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон — куштор бо бераҳмии махсус парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин модда ҷазои аз 15 то 25 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Мақомоти тафтишот гуфтанд, ки барои муайян кардани сабабҳои дақиқи ин ҳодиса ва ҳолати равонии зан ҳудуди 60 рӯз вақт лозим аст, вале натиҷаҳои пешакӣ бемории равонии Юлдуз Бозороваро тасдиқ намекунад.
Модари ҷавон рӯзи 21-уми июн Муҳаммадҷони 5-сола, Исои 4-сола ва Ҳадичаи шашмоҳаро чанд кордӣ задааст. Ҳадичаи шашмоҳа, ки аз се ҷои баданаш захм бардоштааст, рӯзи 5-уми июл дар шифохонаи ноҳияи Шаҳритус ҷон дод. Ӯ аз қафаси сина, даст ва китфаш захмҳои корд бардошта буд. Ду фарзанди дигараш низ захмӣ шудаанд ва баъд аз муолиҷа ба наздиконашон баргардонида шуданд. Айни ҳол, Юлдуз Бозорова дар боздошт қарор дорад ва тафтишот идома дорад.
Дар Тоҷикистон дар гузашта қасди ҷони фарзанд кардани модарон мушоҳида шудааст, аммо ҳангоми талоши худкушии модар. Тозатарин намуна, фоҷиа дар ноҳияи Фархор аст, ки онҷо Мадина Ҳалимова модари 27-сола шаби 29 ба 30 июн чаҳор фарзанд ва худашро зоҳиран бо қасди худкушӣ ба рӯдхонаи Яхсу андохт. Чаҳор фарзандаш ҷон додаанд, вале худаш зинда монд. Соли 2021 Шаҳло Шарифоваи 31-сола аз ноҳияи Панҷакент аввал се кӯдакаш -- Муҳаммадҷони 6-сола, Шаҳнозаи 4-сола ва Аминаи 8-моҳаро ба дор овехта кушт ва сипас худашро.
Соли 2016 Зӯҳро Маҳмуродоваи 25-сола аз Норак худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Вахш андохт, ки дар натиҷа ҳама ба ҳалокат расиданд. Дар ноҳияи Вахш ҳам як модари ҷавон ҳамроҳ бо се тифли хурдсолаш кӯшиши худкушӣ карда, боиси ҳалокати се кӯдакаш шуд. Ба гуфтаи мақомот сабаби аксари ин фоҷиаҳо хушунати хонаводагӣ будааст.